ХУШ ОМАДЕД БА МЕҲМОНХОНАИ «777»

ХУШ ОМАДЕД БА МЕҲМОНХОНАИ «777»

Ташрифи Шуморо ба Меҳмонхонаи «777», ки дорои 4-ахтар мебошад хайрамақдам гуфта аз дидоратон шодем. Меҳмонхонаи се ҳафт бо ошхонаи итолиёвӣ дар маркази пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри сарсабзи Душанбе дар ҷойи орому макони маъмурӣ ва фарҳангӣ, қарор дорад. Меҳмонхона дорои утоқҳои барҳавои замонавӣ бо ҷиҳозу лавозимоти нави хизматӣ омода шудааст. Бо боварии том мегӯем, ки мо интизориҳои шуморо доир ба сатҳи хизматрасонии бахши меҳмондорӣ дар сатҳи воло иҷро хоҳем намуд.

Ҷойгиршавии хуби Меҳмонхонаи «777» ба шумо имконият медиҳад, ки ҳамагӣ дар якчанд дақиқа ба муассисаву вазоратҳо ва марказҳои тиҷоративу фарҳангии шаҳр пиёда рафта ташвишҳои хизматию ҷамъиятии худро анҷом диҳед ва ба ин васила аз сарфа намудани хароҷотҳои барзиёд худдорӣ намоед.  Дар наздикии меҳмонхона идораи марказии Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ки 24 соат фаъол аст қарор дорад ва ҳамчунин Маркази савдои машҳуру бузурги «Пайкар», Маҷмааи «Опера балет», Вазорату идораҳои давлатӣ, Сафоратхонаҳо, Тарабхонаву марказҳои тиҷоратӣ-маишӣ ҷойгиранд. Ресторан il Patio Dushanbe 

Барои нафароне, ки саломатии бардавомро пеша гирифтаанд дар ҳавлии меҳмонхона майдончаи варзишӣ ҳаст, ки истифодаи он барои хурду калон мақбулу ройгон аст.

Кормандони мо омода ҳастанд, ки бойгонии утоқиро ба шумо муарифӣ намоянд, ки дар он утоқҳои стандартӣ, олӣ ва апартамент омода шудаанд.

Меҳмонхонаи мо нав кушода шудааст ва дар он мебел, ҷиҳозу таҷҳизотҳо дар ҳолатӣ олиҷаноб мебошанд, ки аз истифодаи он бароҳат хоҳед буд. Ҳар як корманди мо дорои таҷрибаи тӯлонию бомаърифатӣ мебошад ва муомилаи хубро пеша гирифтанд, ки ин дар раванди хизматрасонии волои мо аён мебошад.

Ба арзиши утоқҳо хӯроки субҳона дохил аст, ки онро мизоҷон дар тарабхонаи итолиёвии паҳлуи мо қарордошта истеъмол менамоянд. Тарабхона дар ошёнаи якуми бино то соати 23:00 фаъол мебошад ва дар он сурудҳои аврупоӣ ва бахусус класикаи итолиёгӣ садо медиҳад.

Ҳамаи утоқҳо бо лавозимотҳо таъмин мебошанд, аз ҷумла: ҷиҳози ошхона, яхдон, телевизор, интернети беноқил (вайфай), микроволновка, ҳамоми душӣ/ваннагӣ, кондисионер, телефон, мошинаи ҷомашӯӣ, дарзмол, ва ғайра. Инчунин ба ҳаммаи меҳмонон чой, қанд, кофе, оби ошомиданӣ ройгон пешкаш карда мешавад.   

Маҷмуи утоқҳои меҳмонхона иборат аз 13 адад мебошанд ва онон дар ошёнаи 12-уми бино ҷойгир шудааст, ки аз онҳо кас зебогии шаҳри Душанберо тамошо намуда шабона аз мушоҳида ситораҳои пурҷило дар осмон, ҳаловат бигирад. Ҷойгиршавии утоқҳо дар ошёни охирини бино имкон медиҳад, ки ҳар кас аз нафасгирии ҳавои боз ҳам тозатар ва дуртар аз садои нақлиёт ва шаҳрнишинон бошад.

Бехатарии ҷиҳозҳои мизоҷон мо низ андеша карда дар ин маврид калидҳои электрониро пешкаш менамоем, ки ҳангоми истфодаи лифт, дарҳои утоқҳо истифода метавон бурд. Иловатан маҳзанҳои хурди оҳанӣ барои нигаҳдории арзишҳои хоси мизоҷ ҳам дар ҳамаи утоқҳо вуҷуд доранд, ки бо калидҳои коддор истифода мешаванд.

Барои қуллайтар шудани шароити хизматрасонӣ барои пешвози мизоҷон дар фурудгоҳ таксӣ метавонем равон намоем, роҳнамоҳоро барои шиносоӣ бо маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳр пешкаш гардонем. Маъмурияти меҳмонхона бо 3 забон аз ҷумла Англисӣ, Руссӣ ва Тоҷикӣ муошира менамояд ва шумо дар ҳамдигарфаҳмӣ душвориро ҳис нахоҳед кард.

Меҳмонхона дорои утоқҳои стандартӣ, люкс ва апартамент мебошад ва шумо метавонед барои худ тариқи занги телефонӣ, мактуби электронӣ, месенджерҳо аз ҷумла Viber, WeChat, Whatsapp, Imo ва Telegram, инчунин тариқи сомонаи мо ва ё сомонаи Booking.com ройгон банд намоед. 

Меҳмонхона дар фосилаи 5 км. аз Фурудгоҳ, 1,5 км. Истгоҳи роҳи оҳан ва 7 км. аз Вокзали нақлиёти автомобилӣ дар кучаи Ҳусейнзода 18, қарор дорад.

Воридшавии барвақтӣ аз 6:00 то 12:00 – 50% аз арзиши утоқ гирифта мешавад.

Воридшави саривақтӣ аз 12:00 то 14:00 – ҳисобкунии иловагӣ надорад.

Хориҷшавии дер то соати 18:00 –  50% аз арзиши утоқ гирифта мешавад.

Хориҷшавӣ дер баъди 18:00 – маблағи пурраи утоқ гирифта мешавад.

Утоқҳои меҳмонхона

УТОҚИ СТАНДАРТӢ: 1-нафара 65$  / 2-нафара 90$
 Хизматрасонии шабонарӯзӣ  Телевизор
  WiFi (Интернет)  Телефон
 Шабакаҳои кабелӣ ва моҳвора  Маҳзан дар утоқ
 Халат, Сачоқ, Попӯшӣ ва Фен  Чойник, пиёла ва бокал
  Хӯроки субҳона (ноништа)  Шабакаи гармкунии шаҳрӣ
  Мебел (Мизи корӣ, Либоскашак ва курсӣ)  Шумораи меҳмон дар уток: 1/2
 Кофе, Қанд, Чой ва Оби ошомиданӣ  Кондисионер (Зимистон/Тобистон)
  Ҳамом бо Ташноб (Душ/Ванна)  Балкон

УТОҚИ СТАНДАРТӢ: 1-нафара 65$  / 2-нафара 90$

 Хизматрасонии шабонарӯзӣ
  WiFi (Интернет)
 Шабакаҳои кабелӣ ва моҳвора
 Халат, Сачоқ, Попӯшӣ, Фен
  Хӯроки субҳона (ноништа)
  Мебел (Мизи корӣ, Либоскашак ва Курсӣ)
 Кондисионер (Зимистон/Тобистон)
  Ҳамом /Ташноб (Душ/Ванна)
 Телевизор
 Телефон
 Маҳзан
 Чойник, Пиёла ва Бокал
 Шабакаи гармкунии шаҳрӣ
 Шумораи меҳмон дар уток: 1/2
 Кофе, Қанд, Чой ва Оби ошомиданӣ
Пештоқ

УТОҚИ ЛЮКС: 1-нафара 90$  / 2-нафара 105$.

Хизматрасонии шабонарӯзӣ Телевизор
  WiFi (Интернет) Телефон
Шабакаҳои кабелӣ ва моҳвора Маҳзан дар утоқ
Халат, Сачоқ, Попӯшӣ ва Фен Яхдон
  Хӯроки субҳона (ноништа) Чойник, пиёла ва бокал
  Мебел (Мизи корӣ, Либоскашак ва курсӣ) Шабакаи гармкунии шаҳрӣ
Кондисионер (Зимистон/Тобистон) Шумораи меҳмон дар уток: 1/2
  Пештоқ  Кофе, Қанд, Чой ва Оби ошомиданӣ
  Ҳамом бо Ташноб (Душ/Ванна) 

УТОҚИ ЛЮКС1-нафара 65$  / 2-нафара 90$

 Хизматрасонии шабонарӯзӣ
  WiFi (Интернет)
Шабакаҳои кабелӣ ва моҳвора
Халат, Сачоқ, Попӯшӣ ва Фен
  Хӯроки субҳона (ноништа)
  Мебел (Мизи корӣ, Либоскашак ва курсӣ)
Кондисионер (Зимистон/Тобистон)
Пештоқ
  Ҳамом бо Ташноб (Душ/Ванна)
 Телевизор
 Телефон
Маҳзан дар утоқ
Яхдон
Чойник, пиёла ва бокал
Шабакаи гармкунии шаҳрӣ
Шумораи меҳмон дар уток: 1/2
Кофе, Қанд, Чой ва Оби ошомиданӣ

АПАРТАМЕНТ: 1-нафара 75$  / 2-нафара 95$.

Хизматрасонии шабонарӯзӣ Телевизор
  WiFi (Интернет) Телефон
Шабакаҳои кабелӣ ва моҳвора Маҳзан дар утоқ
Халат, Сачоқ, Попӯшӣ ва Фен Яхдон ва микроволновка
  Хӯроки субҳона (ноништа) Чойник, пиёла ва бокал
  Мебел (Мизи корӣ, Либоскашак ва курсӣ) Шабакаи гармкунии шаҳрӣ
Кондисионер (Зимистон/Тобистон) Шумораи меҳмон дар уток: 1/2
  Кофе, Қанд, Чой ва Оби ошомидани  Мошинаи ҷомашӯӣ (LG)
  Пештоқ  Ҳамом бо Ташноб (Душ/Ванна)

АПАРТАМЕНТ: 1-нафара 75$  / 2-нафара 95$.

Хизматрасонии шабонарӯзӣ
  WiFi (Интернет)
Шабакаҳои кабелӣ ва моҳвора
Халат, Сачоқ, Попӯшӣ ва Фен
  Хӯроки субҳона (ноништа)
  Мебел (Мизи корӣ, Либоскашак ва курсӣ)
Кондисионер (Зимистон/Тобистон)
  Мошинаи ҷомашӯӣ (LG)
  Пештоқ
 Телевизор
 Телефон
Маҳзан дар утоқ
Яхдон ва микроволновка
Чойник, пиёла ва бокал
Шабакаи гармкунии шаҳрӣ
Шумораи меҳмон дар уток: 1/2
  Кофе, Қанд, Чой ва Оби ошомиданӣ
  Ҳамом бо Ташноб (Душ/Ванна)

Галерея

Суроға ва тамос:

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, бинои №18. (Ориентир Сафоратхонаи Қазоқистон).

Телефонҳо: 

(+992 44) 640 0777

(+992 44) 630 0777

E-mail: hotel.tj.777@gmail.com

Месенҷерҳо (Viber, WeChat, Imo, WhatsApp): (+992) 552 000 777

Барои фармоиши утоқ лутфан васоити зерро пур намоед. Захиранамоии утоқ ройгон аст!